Ӯ бо ишора ба вазъияти ҳузури нерӯҳои баҳрии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар минтақа афзуд: Дар даврае, ки ман дар Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ масъулият доштам, гузоришҳо аз ҳузури байни 90 то 103 қаиқ ва киштӣ дар Халиҷи Форс хабар медоданд, ки ба Амрико ва кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса ва Англия тааллуқ доштанд; аммо имрӯз ҳатто як фард аз ин киштиҳо дар Халиҷи Форс ҳузур надорад ва нерӯҳои онҳо аз тарси мушакҳо ва паҳподҳои Эрон дар минтақаҳое берун аз Уқёнуси Ҳинд мустақар шудаанд.
Узви кумиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Шӯрои исломии машваратӣ таъкид кард: Ин иқтидор ва истодагарӣ ба баракати хуни шаҳидон аст, ки бо ихлос ва ростқавлӣ ба майдон омаданд.
Your Comment